Хуш омадед ба сахифаи Калисои Ҳаввориён.
Шуморо даъват мекунем ки рӯзи якшанбе соати 10:00 (14:00 бо вакти UTC) ба мо шахсан ва ё тавассути интернет (бо забони англисӣ) ташриф оред.
Ифтихори мо дар он аст, ки зиёда аз 55 сол дар ҷомеаи Фэйрфакс (Fairfax) ҳастем ва аз манзили нави мо дар ки дар суроғаи 11717 Lee Highway ҷойгир аст хеле хушҳолем. Мехоҳем ба шумо бо забони шумо чанд фикру мулоҳизаро баён кунем.
Дар таърихи миллати мо ва барои тамоми ҷаҳон ин як давраи душвор мебошад. Беморӣ, ҷанг, нооромиҳои иҷтимоӣ, номуайянии сиёсӣ ва иқтисодӣ — ҳамаи инҳо метавонанд моро ба тарсу ҳарос, ноумедӣ ва танҳои андозанд ва сабаби ҷустуҷӯи посухҳоро ба вуҷуд оранд. Ҳамчун пайравони Исои Масеҳ, мо боварии комил дорем, ки Худованд ин посуххоро дорад, зеро ки вай аз ҳамаи ин мушкилотхо бузургтар аст. Ваъдаи Худованд он аст, ки агар мо аз гуноҳҳоямон даст кашем ва ба Ӯ пайравӣ кунем, Ӯ моро мебахшад ва моро ба ҳузури худ қабул мекунад. Ин маънои онро надорад, ки ҳаёт осон хоҳад буд, аммо оромие хоҳем дошт, ки аз фаҳмиши мо болотар аст. Ин дин нест ва он бо ягон фарҳанг ё нажоди мушаххас маҳдуд шуда наметавонад. Ин муносибат бо падари осмониамон аст, ки моро дӯст медорад.
Агар шумо хоҳиши маълумоти бештареро доред (бо забони англисӣ), ба мо бо шумораи 703-591-1974 занг занед ва ё тугмаҳои LEARN MORE ё LET’S CONNECT-ро пахш кунед. Ба мо хеле хуш аст ки бо шумо суҳбат кунем.
Китоби Муқаддас ба забони тоҷикӣ (бо аудио)
«Фильми Исо» ба забони тоҷикӣ (инчунин дар лаҳҷаи Самарқанд)